мунтазамӣ — [منتظمي] 1. муназзамӣ, бо тартибу низом будан, мураттабӣ 2. доимӣ, бардавом будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғиринг-ғиринг — [غرنگ غرنگ] калимаи тақлиди овоз, ки садои пасти мунтазам барояндаи нохушро ифода мекунад; ниқ ниқ, нолиш: ғиринг ғиринг кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дакаданг — [دکدنگ] гуфт 1. калимаи тақлиди овози мунтазам ба ҷое задан ё расидани чизҳо; дак дак 2. маҷ. боҳашамат, бошукӯҳ, дабдабанок: иморати дакаданг, гунбази дакаданг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мизоҷ — I [مزاج] а 1. сиришт, табиат, ниҳод 2. ҳолат, аҳвол, вазъи табии бадан 3. хусусияти ботинии табиии одам (дар тибби қадим мизоҷ чоргона аст: балғамӣ, дамавӣ, сафроӣ ва савдоӣ): мизоҷи гарм ва сард II [مزاج] а. гуфт. он ки аз хизмати ҷое ё касе… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
моҳ — (маҳ) [ماه // مه] 1. радифи наздик тарини Замин, ки даври он мегардад ва аз акси нури Офтоб тобон аст, қамар; моҳи дуҳафта а) моҳи чордаҳ, бадр; б) киноя аз рӯи зебо, чеҳраи хушрӯи маҳбуба; моҳи мунир моҳи тобон, моҳи равшан; моҳи нав а) ҳилол;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мураттаб — [مرتّب] а 1. ба тартиб даровардашуда; ба таври мураттаб бо назму тартиб, мураттабан 2. мунтазам, пайваста, паиҳам: мураттаб кор кардан; мураттаб кардан ба тартиб даровардан; мураттаб шудан ба тартиб даромадан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нафақа — [نفقه] а 1. кит. харҷи рӯзгузаронии аҳли оила, хароҷоти ҳаррӯзаи аҳли оила; дар нафақаи касе будан дар таъминоти касе будан 2. маблағе, ки моҳона мунтазам аз тарафи давлат ба кӯҳансолон ва шахсони мутобиқи қонун муддати муайян хизмат карда, ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пидром — [پدرام] кит 1. ороста, пероста, зинатёфта 2. шод, хушдил, хуш, хуррам 3. муборак, фаррух, ҳуҷаста, хушхосият 4. шодӣ, хушӣ 5. саҳеҳ, дуруст, мувофиқ 6. мунтазам, доимӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сомон — [سامان] 1. тартиб, интизом; ба сомон батартиб, мунтазам, дуруст 2. молу мулк, дороӣ асбобу ускуна 3. макон, маҳал, ҷой; бо сару сомон батартиб, сариштакор, осуда; ба сомон шудан ба назму интизом даромадан, осуда гардидан; бе сару сомон шудан а)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
суғурта — [سغرته] ниг. бима; аз зарарӣ эҳтимолӣ бо пул таъмин кардани худ бо роҳи ҳақгузории мунтазам ба муассисаи дахлдор, ки ҳангоми рӯй додани чунин зарар пардохти ҳаҷми маблағи зарарро ба ӯҳда гирифтааст: суғуртаи давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, суғуртаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ